Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи озодии сухан "тиратар" шудааст


Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, вазъи озодии баён дар кишварҳои шӯравии собиқ сол ба сол “тиратар” мешавад. Дар шохиси солонаи ин созмон, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, Тоҷикистон дар мақоми 115 қарор гирифтааст, ки аз мақомҳои поин дар раддабандӣ аст. Русия ба гуфтаи Гузоришгарони Бидуни Марз бо қабули қонунҳои сахтгирона, озодии баёнро маҳдуд кард ва барои ҳамин дар зинаи 126-ум ҷой дода шуд. Ба гуфтаи муаллифони раддабандӣ, гуногунандешӣ дар матбуоти Қазоқистону Озарбойҷон ҳам дар “баробари тамоюлҳои саркӯбгароёнаи” ҳукумат ақибнишинӣ мекунад. Ҳарду кишвар дар раддабандӣ дар мақоми 161 ва 160 қарор гирифтаанд. Озодии сухан дар Молдова, Арманистон, Гурҷистон ва Қирғизистон беҳтар будааст, зеро ба гуфтаи Гузоришгарони Бидуни Марз дар ин кишварҳо “чандандешии қобили мулоҳиза ва сензураи нисбатан ками давлатӣ” дида мешавад. Вазъи озодии баён назар ба тамоми дигар кишварҳои шӯравии собиқ дар Узбакистону Туркманистон бадтар будааст.
XS
SM
MD
LG