Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди ИМА ба Тоҷикистон


Фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди фармондеҳии марказии ИМА (ARCENT) рӯзи 11-уми феврал ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал ба радиои "Озодӣ" хабар доданд, ки генерал-лейтенант Ҷеймс Терри бо ҳадафи баррасии ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба ҷумҳурииТоҷикистон ташриф оварда буд. Ба гуфтаи манбаъ ташрифи фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди фармондеҳии марказии ИМА ба Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG