Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21), боз ба вазифаи сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода таъин шуд.

Дастаи «Регар-ТадАЗ», қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, ба мавсими нави футбол таҳти раҳбарии ин мутаххассиси 48-сола шурӯъ кард. Дар ин бора имрӯз, 12-уми феврал, Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонаи худ хабар додааст.

Бояд гуфт, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз соли 2001 то июни соли 2013 сармураббии «Регар-ТадАЗ» буд. Вале баъди анҷоми давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2013 Ҳабибуллоев ба иллати беморӣ аз вазифааш даст кашид ва ба ҷойи ӯ Наҷмиддин Толибов сармураббии «Регар-ТадАЗ» таъин гардид.

Ёдовар мешавем, ки «Регар-ТадАЗ» соли гузашта дар мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон бо 33 имтиёз дар ҷадвал чорум шуд ва дар муддати 14 соли ахир барои аввалин бор аз ҷоизаҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишвар бенасиб монд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, дар сӯҳбат бо сомонаи ФФТ гуфтааст, «ба иллати мушкили молӣ имсол дастаро бисёр бозигарони пуртаҷриба, ки мӯҳлати шартномаашон ба охир расидааст, тарк карданд. Капитани даста, ҳамлагар Хуршед Маҳмудов, ки дар ҳайати тими «Регар» 12 соли ахир бозӣ мекард, ба тими «Истиқлол»-и Душанбе гузашт. Дарвозабони даста Алишер Додов ба Маскав рафт. Мо тасмим гирифтем, ки ҳайати дастаро аз ҳисоби футболбозони ҷавон пурра намоем.»

Ҷаноби Ҳабибуллоев овозаҳоро дар бораи ширкат накардани «Регар-ТадАЗ» дар мусобиқоти имсола беасос дониста, иброз доштааст, «ба вазъи мушкили молӣ, ки ширкати ТАЛКО, сарпарасти кулли даста, мувоҷеҳ шудааст, нигоҳ накарда, «Регар-ТадАЗ» имсол дар чемпионати Тоҷикистон иштирок мекунад. Имрӯз клуби мо ба суратҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳаққи талаботиро барои ширкат дар мусобиқот ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ гузаронд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG