Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ-ро аз кинотеатр берун мекунанд


Раиси ноҳияи Спитамен ба масъулони созмони маҳаллии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 3 рӯз вақт додааст, ки утоқи иҷорааш дар толори синамои ин ноҳияро холӣ кунанд. Илҳом Ёқубов, раҳбари бахши суғдии ҲНИТ гуфт, ҳукумати ноҳияи Спитамен бо як номаи расмӣ бо имзои раиси ин ноҳия аз масъулини созмони ин ҳизб дар маркази ноҳияи Спитамен хостааст, ба далели “мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон манъ будани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар муаассисаҳои фарҳангӣ” утоқи иҷораи худро дар бинои синамои “Пахтакор” холӣ кунанд. Ин нома рӯзи 10 уми феврал ба масъулони созмони ҳизби наҳзат дар ноҳияи Спитамен расман супурда шудааст.

Вай афзуд, онҳо аз моҳи январи соли 2011 бо раҳбарияти корхонаи “Кино ва видео” дар ноҳияи Спитамен дар бораи иҷораи утоқ дар толори синамои “Пахтакор” барои дафтари созмони ҳизби наҳзати исломии ин маҳал шартнома баста, ҳудуди 11 ҳазор сомонӣ пешпардохт кардаанд. Аммо раиси ҳукумати Спитамен дар номаи худ ин шартномаро ғайриқонунӣ ва беэътибор донистааст.

Сардори корхонаи фаръии давлатии “Кино ва видео” дар ноҳияи Спитамен, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо Озодӣ дар шарҳи далели бекор шудани шартномаи иҷора бо созмони маҳаллии ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, ин кор мутобиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2011 сурат гирифтааст, ки бар асоси озмун иҷора додани чунин иншоотро талаб мекунад.

Аммо масъулони созмони суғдии ҲНИТ дар номаи ҷавобии худ ба раиси ноҳияи Спитамен қарори ӯро ғайриқонунӣ номидаанд. Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, маҳдуд кардани гирифтани биноеро барои иҷора ба ҳизбҳои сиёсӣ ҳеҷ қонуне пешбинӣ накардааст. “Дар масъалаи иҷора ягон маҳдудият барои ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надорад. Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷора” маҳдудияте пешбинӣ нашудааст, чунки иҷора ин истифодаи муваққатӣ мебошад, ки дар асоси шартнома сурат мегирад ва баъди анҷоми он тарафҳо амволро ба ҳолати аввала бармегардонанд. Фақат дар Қонуни Тоикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” омадааст, ки амволи вазоратҳои фарҳанг ва маорифи кишвар умумиҷумҳуриявӣ ҳисоб меёбанд ва бо ризояти ҳукумати ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта мешавад.”

Бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд, ба гуфтаи масъулонаш, беш аз 15 ҳазор узв дорад ва аз ҳизбҳои умдаи мухолифи давлат маҳсуб меёбад. Дар ноҳияи Спитамен ҲНИТ ҳудуди 500 узв доштааст.
XS
SM
MD
LG