Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди Аскар Оқоев аз боздошт раҳо шуд


Одил Тӯйғунбоев-домоди Аскар Оқоев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон аз зиндоне дар Русия раҳо шуд. Вайро рӯзи якшанбе дар фурудгоҳи Шереметево бо дархости Интерпол ё пулиси байналмиллалӣ боздошт карда буданд. Вай мехост аз ин фурудгоҳ ба яке аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ биравад.

Икромиддин Айтқулов-вакили мудофеи Тӯйғунбоев рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки вайро Русия ба Қирғизистон истирдод накард, зеро Тӯйғунбоев шаҳрванди Қазоқистон аст.

Тӯйғунбоев шавҳари пешини Бермет Оқоева-духтари Аскар Оқоев аст. Қирғизистон вайро барои пардохт накардани молиёт ва тахаллуфоти молӣ ҷустуҷӯ мекунад.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки онҳо ҳамаи аснодро дар ин бора ба мақомоти Қазоқистон мефиристанд, зеро Одил Тӯйғунбоев шаҳрванди Қазоқистон аст.
XS
SM
MD
LG