Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев: Қарордодҳо бо Қирғизистон иҷро хоҳанд шуд


Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев

Бино ба хабари Интерфакси Русия Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия дар мулоқоти худ бо Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон дар Маскав таъйид кардааст, ки ҳамаи қарордодҳои мавҷудаи байнидавлатии Русия бо Қирғизистон иҷро хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи вай, ин қарордодҳо давлатӣ, байниҳукуматӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд ва ҳадафи онҳо таҳкими ҳамкориҳои стротегӣ мебошад.

Нахуствазири Русия гуфтааст, ки дар давраи раҳбарии Атамбоев муносиботи байни ду кишвар вориди марҳилаи кайфан навин шудааст. Вай афзудааст, ин суханони вай таъоруф ё комплимент барои дидор нест, балки воқеият дорад.

Медведев гуфтааст, ки Русия бо диққат бар пешрафтҳои Қирғизистон ва мушкилоти он назорат мекунад ва медонад, ки ҳоло ин кишвар дар вазъи хуби иқтисодӣ нест.
XS
SM
MD
LG