Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хуршед Маҳмудов, собиқ бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ба тими «Истиқлол»-и Душанбе гузашт.

Бошгоҳи футболи «Истиқлол» бо Хуршед Маҳмудов то охири мавсими имсола шартнома баст. Вай дар ҳайати «Истиқлол» дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Қайроққум ширкат дорад. Ӯ аллакай дар якчанд бозии санҷишии даста ширкат кардааст.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз Маҳмудов «Истиқлол» ҳайаташро бо футболбозони африқоӣ аз Гана – нимҳимоятгар Дэвид Мауто («Равшан»-и Кӯлоб) ва дарвозабон Силванус Эванс («Вахш»-и Қӯрғонтеппа), инчунин, ҳамлагари бразилӣ Жосимар Насименто ва ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Комил Саидов («Регар-ТадАЗ) пурқувват кардааст.

Шарҳи ҳол
Хуршед Маҳмудов 8-уми августи соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Қадаш - 176 см, вазнаш - 77 кг. Дар дастаҳои «Варзоб» (Душанбе) - 2001, «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2002-2013 бозӣ кардааст. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ. Қаҳрамони ҳашткаратаи Тоҷикистон. Барандаи чоркаратаи Ҷоми Тоҷикистон. Барандаи Ҷоми даъвати АФК-2006. Барандаи секаратаи Ҷоми раиси АФК. Беҳтарин бозигари Ҷоми раиси АФК, 2008-2009. Беҳтарин футболбози Тоҷикистон – 2005, 2006, 2008, 2011. Аз соли 2004 дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон 29 бозӣ карда, 7 гол задааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG