Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 млн сомонии корхонаи заршӯии "Помир" "обулой" шудааст


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни тафтиши фаъолияти Корхонаи заршӯии Помир ё худ «ҶДММ Артели заршӯии Помир» воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат муайян кардааст, ки собиқ раиси он Шоҳамдам Назриддинов бо фурӯхтани маводи ин корхона маблағҳои зиёро аз худ кардааст. Дафтари матуботи ВКД рӯзи 11-уми феврал ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки кормандони умури дохилӣ бо тафтиши ҳамаҷонибаи фаъолияти артели заршӯии Помир маълум кардаанд, ки собиқ раиси ҳамин корхона Шоҳамдам Назриддинов дар вақти масъули ин корхона буданаш дар ҳаҷми 2000000 сомонӣ металҳои мухталифи ранга ва қисмҳои ёҳтиётии васоити нақлиёти артелро фурӯхтааст.Шоҳамдам Назриддинов дар солҳои 2011-2012 раиси корхонаи «ҶДММ Артели заршӯии Помир» қароргоҳаш дар ноҳияи Ваҳдат буда аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохила ҳамин давраи фаъолияти вай мавриди тафтиш қарор дода шудааст ва феълан дар нисбати Назриддинов парванда боз шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG