Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси Намояндагон қатъномаи Украинаро пазируфт


Маҷлиси Намояндагони Амрико қатъномаеро, ки аз орзуҳои демократии мардуми Украина ва гароиши онҳо ба Аврупо ҷонибдорӣ мекунад, бо аксарияти оро ба тасвиб расонд. Дар қатънома аз мақомоти расмии Украина даъват шудааст, то ба ҳуқуқи мардуми эътирозгари Киев ва шаҳрҳои дигар, ки хостори ояндаи демократии ин кишвар мебошанд, эҳтиром гузоранд.

Дар қатънома омадааст, ки Вашингтон бояд, таҳримҳои ҳадафмандона бар зидди мақомотеро баррасӣ кунад, ки хушунат алайҳи эътирозгаронро иҷоза медиҳанд ва ё бо ин кор машғуланд. Рӯзи душанбе ба ҷонибдорӣ аз ин қатънома 381 нафар ва бар зидди он 2 нафар рай доданд.

Пештар аз он вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бори дигар таъкид карданд, ки Иттидияи Аврупо ҳамчунон хостори имзои ҳамгароии Украина бо Аврупо мебошад.

Тазоҳуроти эътирозӣ дар Украина моҳи ноябр замоне шуруъ шуд, ки Виктор Янукович аз имзои ин қарордод бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид.
XS
SM
MD
LG