Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии се рӯзи мусобиқот мунтахаби Канада бо 7 медал дар мақоми аввал қарор дорад.

Варзишгарони Канада дар ин муддат се нишони тиллову сенуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Мунтахаби Ҳолланд бо ҳафт медал - се тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Норвегия, ки ду нишони тиллову як нуқра ва чор биринҷӣ ба даст овардаанд, дар мақоми севуманд.

Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо панҷ медал (ду тилло ва се биринҷӣ) дар мақоми чорум мебошад. Мунтахаби Олмон бо ду нишони тилло мақоми панҷумро касб кардааст. Дастаи Русия - мизбони бозиҳо - то кунун шаш медал (як тилло, ду нуқра ва се биринҷӣ) дорад ва дар мақоми 6-ум қарор гирифтааст.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 19 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 11 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.


Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Канада 3 3 1 7
2 Ҳолланд 3 2 2 7
3 Норвегия 2 1 4 7
4 ИМА 2 0 3 5
5 Олмон 2 0 0 2
6 Русия 1 2 3 6
7 Австрия 1 2 0 3
8 Фаронса 1 0 1 2
9 Лаҳистон 1 0 0 1
9 Словакия 1 0 0 1
9 Швейтсария 1 0 0 1
12 Ҷумҳурии Чех 0 2 1 3
13 Шветсия 0 2 0 2
14 Италия 0 1 1 2
15 Чин 0 1 0 1
15 Словения 0 1 0 1
15
18

18
Финляндия
Британияи Кабир
Украина
0
0

0
1
0

0
1
1

1
1
1

1
Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал баргузор мешавад, ширкат мекунад.


Бозиҳои зимистонии олимпӣ дар Сочӣ то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар барои 98 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанаронӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG