Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдорӣ кӯчарӯбҳоро бо асбобу лавозимот таъмин мекунад


Бо супориши раиси шаҳри Душанбе то як моҳи оянда кӯчарӯбҳои Душанбе соҳиби асбобу лавозимоти муосир хоҳанд шуд. Аз ҳукумати шаҳри Душанбе хабар доданд, ки ин масъала рӯзи 10-уми феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур додааст, ки дар муҳлати як моҳ барои бо лавозимоту асбобҳои муосири корӣ таъмин кардани занони кӯчарӯб муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо масъуланд. Ин дар ҳолест, ки ахиран барои қадрдонии занони кӯчарӯб аз натиҷаи кори онҳо дар сардиҳои тоқатфарсо, аз ҳисоби буҷаи шаҳр ба ҳар яки он ба миқдори 1000 сомонӣ кӯмаки якдафъаина дода шуд. Аммо гуфта мешавад кӯчарӯбҳои Душанбе то ҳол аз техникаву асбобҳои замонавӣ бархурдор нестанд.
XS
SM
MD
LG