Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ ва миллати Эрон


Имрӯз, сешанбеи 11 феврал ба пирузии Инқилоби Исломӣ дар Эрон 35 сол пур шуд. Ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷуҳури Тоҷикистон ба Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои ирониаш барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Дар ин барқия, ки тавассути дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон нашр гардид, Эмомалӣ Раҳмон, зимни изҳори шодбошиҳо, гуфтааст, ки рушду густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари дӯсту бародари Эрон аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, итминон кардааст, ки "муносибатҳои созандаю судманди Тоҷикистон ва Эрон дар оянда низ пайваста бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ гашта, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётии ҳар ду кишвар хоҳанд буд." Ҳамзамон раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "муддати солҳои охир ҷонибҳо дар бахшҳои муҳимтарини ҳамкорӣ ба тавофуқоти муҳиму сершумор расида, ҷараёни иҷрои онро таҳти пайгирӣ қарор додаанд." Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон "хостори вусъати бештару хубтари ҳамкориҳо ва кушодани саҳифаҳои ҷадиди тавсеаи равобити густурдаи Тоҷикистону Эрон шуда ва таъкид кардааст, ки кишвари бародар низ дар садади чунин ҳадафҳост». Зимнан, Инқилоби Исломии Эрон ба таърихи 11 феврали соли 1979 ба раҳбарии Оятуллооҳ Хумайнӣ дар қиболи низоми шоҳаншоҳии Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ пирӯз шуд. Ба ин манзур Ҷумҳурии Исломии Эрон ин санаро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ба таври бошукуҳ таҷлил мекунад.
XS
SM
MD
LG