Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 21 ҷангӣ аз таркиши тасодуфӣ дар Ироқ


Дар Ироқ бар асари инфиҷори бомб дасти кам 21 тан аз ҷангиёни мухолифи ҳукумат ба ҳалокат расиданд. Хадамоти амниятии Ироқ таркиш дар пойгоҳи мухолифин дар минтақаи Ҷилам, воқеъ дар ҷануби шаҳри Самарраро тайид кард. Бар пояи хабарҳо, инфиҷор тасодуфан ҳангоми навори видеоӣ бардоштани афроди мусаллаҳ рӯй додаст.

Рӯзи душанбе дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли кишвар, дар роҳи корвони мошинҳои раиси парлумони Ироқ Усома ал-Наҷафӣ бомб инфиҷор кард. Дар ин ҳамла ба воломақомтарин сиёсатмадори суннимазҳаби Ироқ осебе нарасидааст. Яке аз муҳофизони ал-Наҷафӣ ҷароҳат бардошт.

Моҳи январ бар асари таркишу ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ироқ беш аз ҳазор нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG