Пайвандҳои дастрасӣ

Доварони бозиҳои “Равшан” дар Ҷоми АФК - аз Ироқ, Покистон ва Қирғизистон


Доварони бозиҳои “Равшан”-и Кӯлоб дар давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 маълум шуданд.

Қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон дар даври аввали гурӯҳи «А» 25-уми феврал дар шаҳри Масқат бо тими «Сувайк» рақобат мекунад. Ба ин бозӣ гурӯҳи ҳакамон аз Ироқ бо раҳбарии Муҳанад ҚосимСаррой доварӣ мекунанд.

Ба ӯ доварони марзи майдон Наҷаҳ Раҳам Рашид Ал-Ҳамайда ва Муаяд Муҳаммад Алӣ кӯмак мерасонанд. Довари чаҳорум Ферас Тавил аз Сурия ва комиссари бозӣ Ҳамид Муъминируҳӣ таъин шудаанд.

“Равшан” дар даври дувум рӯзи 11-уми март дар майдони худ бо “Сафо”-и Лубнон рақобат мекунад. Сардовари ин бозӣ Шаҳзод Хуррам аз Покистан аст. Доварони марзи майдон Муҳаммад Шафоат Ҳабиб (Покистон) ва Паллия Гуруҷ Прянга Намал (Шри-Ланка) мебошанд. Довари эҳтиётӣ Раъно Носир Аҳмад (Покистан) ва комиссари бозӣ Аҳмад Шаҳир (Молдив) таъин шудаанд.

Бояд гуфт, ки Шаҳзод Хуррам соли гузашта бозии «Равшан»-ро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК бо «Ал-Қудсия»-и Кувайт (1:3), ки дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», баргузор шуда буд, доварӣ кардааст.

Бозии севуми «Равшан» бо тими меҳион - «Зат Рас»-и Урдун рӯзи 18 март барпо мегардад. Ба ин бозӣ Дмитрий Машенсев аз Қирғизистон ба ҳайси сардовар ба Тоҷикистон меояд. Вай 15-уми июни соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сардовари бозии «Равшан» бо «Истиқлол»-и Душанбе буд. Дар ин бозӣ «Равшан» бо ҳисоби 1-0 пирӯз гардидааст.

Ёварони Машенсев ҳамватанҳояш Замирбек Чинибеков ва Исмоилҷон Толибҷонов, довари эҳтиётӣ Рисбек Шакарбеков мебошанд. Вазифаи комиссари бозӣ бар дӯши Ҷорҷи Минду аз Бутан аст.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Сувайк» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)


Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк» (Умон)


Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)


Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк» (Умон)


Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сувайк» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)


Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сувайк» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Бояд гуфт, ки “Равшан” барои дувумин бор дар Ҷоми АФК ширкат меварзад. Соли гузашта “Равшан” дар сабқати гурӯҳи “D” ҳамаи 6 бозиро бохт ва бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 2-17) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шуд. Натоиҷи бозиҳои “Равшан” бо “Ал-Рамза” (Урдун) - 0:1, 0:5, “Ал-Шорта” (Сурия) – 0:2, 1:3, “Ал-Қудсия” (Кувайт) – 0:3, 1:3. Дар ин гурӯҳ тими “Ал-Қудсия” бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG