Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 кас дар ҳамлае ба сӯфиҳо дар Қарочӣ


Бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба як нишасти рӯҳониёни мусалмон дар шаҳри бандарии Қарочии Покистон 8 нафар кушта ва дасти кам 10 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, шаби якшанбе ашхоси мусаллаҳ ба биное, ки сӯфиҳо пайравони худро қабул мекарданд, норинҷак андохта, баъдан тирандозӣ карданд.

Масъулияти ҳамларо то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтаст.

Дар Покистон, ки 95 дар сади аҳолияш мусалмонанд, сӯфиҳо аз нуфузи зиёд бархурдоранд. Аммо маъбаду хонақоҳҳо пайваста мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳи ифротгаро қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG