Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷудоихоҳони балуҷ се лӯлаи газро таркониданд


Ҷудоихоҳон аз вилояти Балуҷистони Покистон се лӯлаи интиқоли газро таркониданд ва дастрасии миллионҳо хонаводаи вилояти Панҷоб ба ин маводи сӯхт коҳиш ёфт. Рӯзи душанбе Ориф Ҳамид, раиси ширкати давлатии Sui Northern Gas гуфт, ки таъмири лӯлаи газ дасти кам ду рӯз идома хоҳад кард. Панҷоб яке аз вилоятҳои сернуфус аст, ки мардумаш аз нахуствазир Навоз Шариф пуштибонӣ мекунанд. Айни ҳол қисмати аъзами вилоят аз газ маҳрум мондааст.

Сарбоз Балуҷ, намояндаи гурӯҳи мамнӯи Артиши ҷумҳурии Балуҷ, гуфт, ки ин ниҳод масъулияти таркишҳоро бар ӯҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ ҳукумати марказиро дар он айбдор мекунад, ки аз захираҳои ғании минтақа истифода мебарад, аммо мардуми маҳаллӣ дар ҳоли фақр ба сар мебаранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҷудоихоҳои балуҷиро дар нақзи ҳуқуқи башар дар минтақа айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG