Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони собиқи Либияро куштаанд


Дар идомаи сӯиқасдҳо ба ҷони мақомоти баландпояи Либия, афроди мусаллаҳ Абдулазиз ал-Ҳасадӣ, додситони собиқи кулли ин кишварро куштаанд. Вазорати адлияи Либия гуфт, ки Абдулазиз Ҳасадиро рӯзи шанбе дар зодгоҳаш дар шаҳри Дарна воқеъ дар 250 километрии шаҳри Бенғозӣ бо туфанг ба ҳалокат расонидаанд. Абдулазиз Ҳасадӣ, ки исломгаро маҳсуб мешуд, баъди суқути ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ва қатли ӯ дар соли 2011, додситони кулли Либия таъйин шуд ва соли 2013 аз мақомаш истеъфо дод. Дар сӯиқасдҳо, ки вақтҳои ахир дар Либия бештар шудааст, чандин нафар аз фармондеҳони артиш, маъмурони амниятӣ ва додрасҳо ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG