Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар Босния ва Ҳерзеговина ором шудааст


Баъди се рӯзи тазоҳуроти хушунатбор дар Босния ва Ҳерзеговина, рӯзи якшанбе вазъ дар ин кишвари хурди фақири Аврупо ба эътидол омад. Рӯзи шанбе дар чанд шаҳри кишвар тазоҳуроти осоишта сурат гирифт, аз ҷумла дар шаҳрҳои Сараево, Сански Мост, Босанска Круп ва Приедор садҳо нафар алайҳи бекории зиёду, фасодкорӣ эътироз карданд. Дар Тузла маҳалли аслии тазоҳурот, сокинони шаҳр дар покиза кардани идораҳои ҳукуматӣ, ки рӯзи ҷумъа тороҷ шуданд, кӯмак мекарданд. Аммо дар шаҳри Биҳач, миёни тазоҳургарон ва маъмурони пулис бархӯрд сурат гирифтааст, вале касе осеби ҷиддӣ надидааст. Дар Босния ва Ҳерзеговина, ки тақрибан 4 миллион нафар аҳолӣ дорад, 40 дар сади мардум бекор будаанд.
XS
SM
MD
LG