Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон ба тазоҳурот дар Киев омодагӣ мегиранд


Бо бозгашти Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, аз мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин мухолифони давлат барои тазоҳуроти оммавии дигар дар шаҳри Киев омодагӣ мегиранд. Қарор аст, тазоҳурот соати 11 ба вақти маҳаллӣ ва баъди мавъизаи пешвоёни мазҳабӣ дар Майдони Истиқлол дар маркази Киев сурат бигирад. Виктор Янукович дар ҳоле бо Владимир Путин мулоқот кард, ки мухолифони давлат бо афзоиши фишор ба ӯ талаб доранд, ки Қонуни Асосӣ ислоҳ шавад ва интихоботи зудраси порлумониву раёсати ҷумҳурӣ сурат бигирад. Ҷузъиёти мулоқоти раҳбарони ду кишварро ифшо накардаанд. Сухангӯи Янукович гуфтааст, ки ин як мулоқоти ғайрирасмӣ буд. Қарор буд, раиси ҷумҳури Украина кӯмаки 15 миллиард доллариро баррасӣ кунад, ки Русия ваъда дод, вале ихтисоси онро то замони ташкили ҳукумати нав дар Украина ба таъхир андохт.
XS
SM
MD
LG