Пайвандҳои дастрасӣ

Сэйҷ Котсенбург, варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аввалин қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи гардид.

Вай дар мусобиқаи мардон оид ба сноуборд дар навъи слоупстайл бо натиҷаи 93,5 мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Столе Сандбек аз Норвегия бо натиҷаи 91,75 барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва Марк Макморрис аз Канада бо натиҷаи 88,75 барои ҷойи севум бо медали биринчӣ сарфароз гаштанд.

Ба барномаи Бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанаронӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Рӯзи 8-уми феврал варзишгарони 7 кишвар дар мусобиқот оид ба 5 намуд – биатлон, пойгаи лижатозӣ, дави босуръат бо конки, сноуборд ва фристайл бо медалҳои олимпӣ мукофотонида шуданд:

Ҷой Кишвар Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Норвегия 2 1 1 4
2 Ҳолланд 1 1 1 3
3 ИМА 1 0 0 1
4 Австрия 0 1 0 1
4
6
6
Шветсия
Канада
Ҷум. Чех
0
0
0
1
0
0
0
1
1
1
1
1

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин
Олимпиада беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар барои 98 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратови 28-сола - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал баргузор мешавад, иштирок мекунад. Бояд гуфт, ки рӯзи шанбе дар Сочи биатлонист Уле Эйнар Бёрндален аз Норвегия рекорди пешинро оид ба шумораи умумии медалҳои дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба даст оварда такрор кард. Варзишгари 40-сола дар спринт қаҳрамон шуд. Вай акнун 12 медали олимпӣ – 7 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ дорад. Ҳамватанаш лижарон Бёрн Дели низ 12 медал - 8 тилло ва 4 нуқра ба даст овардааст.

Дар таърихи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ бошад, аз ҳама бештар шиновари амрикоӣ Майкл Фелпс — 22 медал (18 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG