Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳурот алайҳи тазоҳурот дар Киев


Дар шаҳри Киев ҳазорон нафар аз сокинони ин шаҳр, ки аз тазоҳуроти тӯлонии зиддиҳукуматӣ ба хашм омадаанд, дар назди як сангари ин тазоҳургарон ҷамъ омада, вале баъд аз муддате пароканда шуданд. Ҳудуди 2 ҳазор нафар дар назди шаҳрдории Киев ҷамъ шуда, роҳ ба сӯи хиёбонии марказиро бастанд. Тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ, аз ҷумла аъзои гурӯҳҳои худмуҳофизатии онҳо, ки дар даст сипарҳои оҳанину дар сар кулоҳҳои муҳофизатӣ доштанд, дар болои ин сангари семетрӣ дар рӯ ба рӯи тазоҳургарон истодагарӣ карданд. Ин рӯёрӯӣ баъди ду соат тамом шуд. Ҳодисаи мазкурро нишонаи боқӣ мондани таниш дар Киев медонанд, ки се моҳ боз аст, шоҳиди тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ аст. Эътирози ин мардум охири моҳи ноябр ва баъди он шурӯъ шуд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина аз имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид.
XS
SM
MD
LG