Пайвандҳои дастрасӣ

Босния ва Ҳерзеговина имрӯз ором гирифт


Ба рағми нигарониҳо аз такрори хушунат дар шаҳрҳои Босния ва Ҳерзеговина, ин кишвар рӯзи шанбе ором буд. Аммо оташнишонҳо дар шаҳри Сараево дар пойтахт талош барои фурӯш нишондани оташ дар кохи раёсати ҷумҳуриро идома доданд, ки онро тазоҳургарони хашмгин рӯзи ҷумъа оташ заданд. Маъмурони пулис мегӯянд, дар нооромиҳои серӯза, ки дар шаҳри Сараево ва Тузла оғоз ёфт ва рӯзи ҷумъа дар шаҳрҳои Биҳач, Зеника ва Баня Лука паҳн шуд, 144 маъмури пулис ва 20 тазоҳургар захмӣ шуданд. Тазоҳургарон дар ин кишвари хурд ва фақири Аврупо ҳукуматро ба ришвахорӣ муттаҳам карда ва мегӯянд, ки он барои рушди иқтисоди Босния ва Ҳерзеговина кори дурусте анҷом намедиҳад. Тақрибан 40 дар сади мардуми ин кишвар бекор будаанд.
XS
SM
MD
LG