Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишони тиллои аввалини олимпидаро Амрико гирифт


Нахустин нишони тиллои бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочиро, Сейҷ Котсенбург варзишгари амрикоӣ дар бозии сноуборд аз они худ кард. Дар ин бозии мушкил дар байни мардон, Стаал Сандбех аз Норвегия нишони нуқра ва рақиби ӯ Марк МакМоррис аз Канада нишони биринҷиро соҳиб шуд. Варзишгарони Русия барои аввалин нишон дар мусобиқаи яхтозӣ ба масофаи 5 километр рақобат мекунанд. Иван Скорбев, Денис Юсков ва Александр Румянтсев дар ин рақобат ширкат мекунанд. Скорбев барандаи нишони биринҷии бозиҳои олимпии соли 2010 аз пешсафони мусобиқа аст ва рӯзи шанбе 31-солагиашро таҷлил мекунад. Баъди рақобатҳои аввалия дар рӯзи панҷшанбе тими Русия дар яхтозӣ бо 19 имтиёз дар мақоми аввал аст.
XS
SM
MD
LG