Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Босния дар интизори тазоҳуроти нав


Мақомоти Босния ва Ҳерзеговина худро барои муқовимат ба тазоҳургарони хашмгин омода мекунанд. Пойтахти ин кишвар ва шаҳри шимолии Тузла се рӯз боз аст, ки шоҳиди тазоҳуроти хушунатбор мешавад. Рӯзи ҷумъа пулис барои пароканда кардани ин тазоҳургарон, ки кохи раёсати ҷумҳурӣ ва қароргоҳи ҳукуматро оташ заданд, аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода бурд. Дар шаҳри Тузла тазоҳургарон ба бинои ҳукумат ворид шуда ва онро низ оташ заданд. Дар шаҳрҳои Биҳач, Зенитса ва Баня Лука ҳам дар тазоҳуроти хушунтабор чандин нафар захмӣ шудаанд. Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Тузла дар бархӯрд бо маъмурони пулис 130 нафар захмӣ шуданд. Босния бо тақрибан 4 миллион аҳолиаш, ки 40 дар садашон бекор ҳастанд, яке аз кишварҳои фақиртарини Аврупо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG