Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуввуми бозиҳои олимпӣ оғоз ёфт


Рӯзи шанбе дар бозиҳои олимпии Сочи варзишгарон дар 5 навъи варзиш бо ҳам рақобат мекунанд. Дар яхтозии мардон дар масофаи 5 километр се варзишгари рус Иван Скорбев, Денис Юсков ва Александр Румянстев ширкат хоҳанд дошт. Лижаронии озод дар байни мардон дигар аз бозиҳои варзишист, ки 29 нафар барои даст даст овардани нишони олимпӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Айни мусобиқа дар миёни занон ҳам сурат мегирад. Ҷаҳидан аз баландӣ бо лижа навъи дигаре аз бозиҳои олимпист, ки шоми шанбе шоҳиди рақобатҳои он мешавем. Бозиҳои олимпии Сочи шоми ҷумъа бо як маросими бошукӯҳе ифтитоҳ шуд. Дар ин бозиҳо танҳо як варзишгари тоҷик ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG