Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои фарқкунандаи олимпиадаи Сочӣ


Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпии Сочӣ аз 7 то 24 феврал, яъне 17 рӯз идома меёбад. Дар он аз рӯи 15 навъ варзишгарон дар 98 мусобиқа ширкат хоҳанд кард.

Баъд аз фурӯпошии Шӯравии пешин ин нахустин бозиҳои олимпӣ дар қаламрави Русия мебошад. Барои сохтмони иншоот ва умуман корҳои омодагӣ ба ин бозиҳо моҳи июли соли 2007 дар иҷлоси Кумитаи Байналмиллалии Олимпӣ 12 миллиард доллар сармоягузорӣ пешбинӣ шуда буд. Вале дар маҷмӯъ чаҳор баробар бештар аз он, яъне 51 миллиард доллар сарф шудааст.

Дар таърихи бозиҳои зимистона ва тобистонаи олимпии ҷаҳон истифодаи 51 миллиард доллар собиқа надорад ва он рекорди ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Русия нисбат ба Бозиҳои тобистонаи Олимпии соли 2008 дар Пекини Чин 40 миллиард доллар бештар сарф кардааст. Маблағи Бозиҳои тобистонаи Олимпии соли 2012 дар Лондон 15 миллиард долларро ташкил дод. То ҳол дар матбуоти худи Русия матолибе низ ба нашр расидаанд, ки гӯё будҷаи Бозиҳои олимпии Сочӣ самарбахш истифода нашудааст.

Ин нукта ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ки 21 қарордоди кории марбут ба иншооти олимпии Сочӣ ба дӯстони наздики президент Владимир Путин дода шудааст. Аз ҷумла, бародарон Аркадий ва Борис Ротенбергҳо 7 миллиард доллар сармояи ин иншоотро дар ихтиёр доштанд, ки 14 дарсади маблағи умумии будҷаи олимпиро ташкил мекард. Албатта, барои расидагӣ ба сарфи нодурусти маблағҳо Кумитаи Федеролии Бозрасии Русия парванда боз кард. Вале дар соли 2012 парвандаҳо дар мавриди қарордодҳои сохтмони варзишгоҳи аслӣ ва хати давонидани бобслей боқӣ монд.

Дар варзишгоҳи аслӣ танҳо маросимҳои расмии гушоиш ва бастани бозиҳои олимпӣ баргузор мешавад. Бозрасон иддао мекунанд, ки сарфи маблағ дар ин ду иншоотро бештар аз воқеият нишон додаанд ё ба ибораи дигар изофанависӣ кардаанд. Масалан, дар сохтмони варзишгоҳи аслӣ 170 миллион ва дар хати давонидани бобслей 75 миллион доллар сарф шудааст. Владимир Путин дар мусоҳибаи 20 январи худ бо матбуоти хориҷӣ рад кард, ки нишонаҳои фасод дар сохтмони иншоот вуҷуд надорад ва касе талош накардааст, ки арзиши кор ва ё арзиши масолеҳи сохтмониро бештар нишон диҳад. Вале гузоришҳо дар бораи қарордодҳои дурӯғин бо соҳибкорон ё миёнравҳо мушоҳида шудааст, ки дар натиҷа коргарон ё аҳолии маҳал аз он зарари зиёди молӣ дидаанд.

Бо васфи ин ки Бозиҳои зимистонаи Олимпӣ дар Сочӣ гаронтарин бозиҳо дар таърих ба шумор меравад, вале арзишҳои башарӣ дар марҳилаи омодагӣ дар сатҳи поин қарор доштааст. Боздоштҳои ғайриқонунӣ, ихроҷи муҳоҷирони корӣ, кӯч додани маҷбурии сокинони маҳаллоти Сочӣ ва таъқибу таҳдиди рӯзноманигорону фаъолони ҳуқуқи башар аз ҷумлаи он ба шумор меравад.

Речел Денбер-муовини раиси Дидбони ҳуқуқи Башар дар масоили Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк, ки бо радиои Озодӣ телефонӣ аз Маскав сӯҳбат мекард, изҳор дошт, ки созмони онҳо аз оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти Бозиҳои олимпии Сочӣ вазъи ҳуқуқи коргаронро зери назорат гирифта буд ва аз он вақт то ба ҳол мавридҳои зиёди риоят нашудани ҳуқуқи коргарон мушоҳида шудааст:

Хонум Денбер мегӯяд, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ сокинони маҳал зуд-зуд аз обу барқ маҳрум мешуданд, роҳҳои рафту омади онҳоро мебастанд ва ба мушкилоти зистмуҳитӣ дучор мегардиданд. Мақомоти интизомӣ рӯзноманигоронеро, ки мехостанд, ин масъалаҳоро дар матбуот бозтоб диҳанд, мавриди таъқибу таҳдид қарор медонанд.

Ба корҳои сохтмонии иншооти олимпӣ 74 ҳазор коргар ҷалб шуда буданд, ки 16 ҳазор нафари онҳоро муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон, ташкил медоданд. Шумораи умумии муҳоҷирони тоҷик дар сохтмонҳои олимпӣ дар оғоз то 200 нафар тахмин зада мешуд, вале ҳисоби дақиқи он вуҷуд надорад.

Бозиҳои олимпии Сочӣ бо 150 солагии шикасти қавми черкас баробар аст. Ин шаҳр дар қарнҳои гузашта маркази Черкассия будааст, вале дар соли 1864 Александри 2-шоҳи вақти Русия баъд аз ҷангҳои 101 солаи хунини Русия-Қафқоз ин шаҳри бандариро забт кардааст. Сочӣ аз калимаи черкасии Саче, яъне аз номи қавми черкасии саче гирифта шудааст, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекард. Дар ҷараёни сохтмони иншооти олимпӣ мизбонон саъй кардаанд нишонаҳои қатли оми ин қавм ва нишонаҳои ҷанги хунини он замонро аз байн баранд.
XS
SM
MD
LG