Пайвандҳои дастрасӣ

Нуланд: Дар сафорати ИМА мухолифини украин нестанд


Виктория Нуланд, муовини вазири умури хориҷии Амрико, хабари расонаҳои русӣ дар бораи дар бинои сафорати ИМА дар Киев тамрин дидани мухолифини ҳукумати Украинаро рад кард. Ӯ рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо хабарнигорон дар Киев ҳамчунин гуфт, ки агар раҳбарони мухолифин барои ислоҳоти демократӣ омода бошанд ва "ҳукумати милли технократҳо" ба хотири хатми бӯҳрони сиёсӣ ташкил шавад, Вошингтон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои имдоди бештар ба Украина омодаанд.

Як рӯз аз ин пеш хонум Нуланд барои истифодаи ҳарфи қабеҳ оид ба миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо дар Украина дар меҳвари расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Олмон ҳарфҳои Виктория Нуландро “ғайри қобили қабул” номид. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки хонум Нуланд аз Иттиҳодияи Аврупо маъзарат хостааст.
XS
SM
MD
LG