Пайвандҳои дастрасӣ

Таркишу ҳамлаҳо дар Ироқ боиси марги шаш нафар шуданд


Рӯзи ҷумъа бар асари таркиши бомб ва ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ироқ дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои хабаргузории Франс Пресс, дар минтақаи Ғазалияи шаҳр номзад ба вакилии парлумон Ҳамза ал-Шамарӣ аз тири афроди ношинос кушта шуд. Ӯ яке аз раҳбарони аршади қабилаи Шамар ва аз ҷонибдорони рӯҳонии маъруфи шиъа Муқтадо Ас-Садр буд.

Дар мавзеи Туз-Ҳурмату, воқеъ дар тақрибан 200 километрии шимоли Бағдод инфиҷори бомб мунҷар ба марги дасти кам чаҳор кас ва ҷароҳат бардоштани 28 нафари дигар шуд. Дар шаҳри Мосул афроди ношинос аз мошин тирандозӣ карданд, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохт.

Моҳи гузашта бар асари низои байнимазҳабӣ дар Ироқ беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG