Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Димишқ барои гуфтугӯ бо мухолифин омода аст


Намояндагони ҳукумати Сурия ширкаташон дар даври дуввуми музокирот бо мухолифинро тайид карданд. Дар ин бора телевизиони давлатии Сурия бо такя ба изҳороти муовини вазири умури хориҷӣ Файзал Муқдод хабар дод. Қарор аст, ки гуфтушунид рӯзи душанбе дар Женева ифтитоҳ шавад. Аз ин пеш намояндагони мухолифин ҳам омодагияшон барои ширкат дар музокиротро тасдиқ карда буданд.

Давраи аввали гуфтушунид миёни ҷонибҳои даргир дар низои Сурия рӯзи 31 январ бидуни натиҷа поён ёфта буд.

Рӯзи панҷшанбе мақомоти Димишқ ва намоядагони СММ дар мавриди ба шаҳри Ҳумс фиристодани кӯмаки башарӣ ба тавофуқ расиданд. Шаҳр дар муҳосираи нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад. Бино бар созиши ахиран ҳосилшуда, мардуми осоишта метавонанд Ҳумсро тарк намоянд.

Бар пояи иттилои СММ, аз оғози низоъ дар Сурия дар тақрибан се соли пеш беш аз 130 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG