Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгарон дар Киев бинои Хадамоти амниятро муҳосира карданд


Дар маркази Киев рӯзи ҷумъа садҳо эътирозгарон дар канори бинои Хадамоти амнияти Украина ҷамъ омада, талаб доранд, ки раҳбарони ин идора “изҳороти ҷудоихоҳонаи Шӯрои олии Қрим”, далелҳои одамрабоӣ ва таъқиби мухолифини ҳукуматро тафтиш кунанд. Эътирозгарон дар даст парчами милли Украина ва парчамҳои ҳизбҳои "Баткившина", "УДАР" ва "Свобода"-ро доранд.

Вазорати умури дохилиии Украина ахран хабар дод, ки дар робита ба таркиш дар Хонаи иттифоқҳои касаба парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бар асари ин таркиш, ки рӯзи панҷшанбе рӯй дод, ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Бар пояи хабарҳо, инфиҷор баъд аз он рӯй дод, ки яке аз осебдидагон қуттиеро бо навиштаҷоти “дорувор” боз кард.

Эътирозҳо дар Киев моҳи декабри соли гузашта баъд аз он густариш ёфтанд, ки ҳукумати Украина аз идомаи музокирот бо Брюссел дар робита ба ҳамгироии кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо сарпечӣ кард.
XS
SM
MD
LG