Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, баста шудани бархе аз торнамоҳо ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет марбут аст.

Раҳбарони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бар инанд, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернетро маҳдуд кунад, аммо ширкатҳои таъминкунадаи интернет ба иллатҳои фаннӣ ба чунин амал даст мезананд.

Рафиқҷон Шокиров, муовини сардори Хадамоти алоқа рузи 7-уми феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ҳоло дастрасӣ ба ягон сомона маҳдуд нест: «Шумо хуб медонед, ки одобномаи истифодабарии интернет ба наздикӣ дар муҳокима буд ва тасдиқ гардид. Акнун мувофиқи ин одобнома ҳама метавонад аз интернет истифода кунад». Вай афзуд, ҳолатҳои қатъи дастрасӣ ба торнамоҳо вобастаи «оператору провайдерон» аст.

Аммо ширкатҳои таъминкунандаи интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҳеҷ гуна мушкили фаннӣ надоранд. Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати мобилии "Вавилон Мобайл" рӯзи 7-уми феврал ба "Озодӣ" гуфт, дар як соли охир ин ширкат ягон мушкили фаннӣ надошт ва ҳоло ҳам муштариёни он дар истифодаи интернет бо маҳдудияте рӯбарӯ нестанд. Вай афзуд:«Дар айни замон ягон сомонаи масдудшуда надорад ширкат. Ман гуфта метавонам, ки дар як чанд рӯзи ахир ба асари сардиҳо мушкили фаннӣ буд, аммо сомонаҳо масдуд шуда бошад, инхел нест».

Дар ин робита масъулини ширкатҳои мобилии Билайн ва ҳам МегаФон-Тоҷикистон низ гуфтанд, онҳо дастрасӣ ба ягон торнаморо барои истифодабарандагон маҳдуд накардаанд. Веторази Мария, сухангӯи ширкати Билайн дар Тоҷикистон баста будани бархе аз торнамоҳоро барои муштариёни ин ширкат рад кард. Вай гуфт: «Ширкати мо ягон торнамо ва сомонаро набастааст. Ҳар нафаре ки мушкил дорад, метавонад ба мо муроҷиат кунад». Хонум Мария дар посух ба суоли он ки оё ин ширкат дастуре ҳам дар мавриди бастан ё боз кардани ин ё он торнамо аз сӯи хадамоти алоқа гирифтааст, посухи рад дод.

Гуфта мешавад, дар ду соли охир баъзе аз сомонаҳои интернетӣ, хусусан Ютюб, Фейсбук, сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, "Озодагон" ва чанде дигар дар Тоҷикистон гаҳ-гоҳ баста мешуданд. Бархе аз муштариёни ширкатҳои Билайн ва Мегафон мегӯянд, ҳоло ҳам ба бархе аз ин торнамоҳо дастрасӣ надоранд. Намояндагони бархе аз ширкатҳо мегӯянд, аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нома ва паёмак ё смс мегирифтанд, ки торнамоҳое ғайри қобили дастрасӣ шаванд. Аммо акнун ин хадамот ҳама гуна маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳоро кори худи ширкатҳо меномад.

Парвина Ибодова

Парвина Ибодова

Анҷумани миллии дастраскунадагони интернет мегӯяд, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки худи провайдерон дастрасӣ ба ин ё он сомонаро маҳдуд кунанд. Парвина Ибодова, намояндаи анҷумани мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт: «аз рӯи қонунгузории кишвар провайдер мебинад, ки дар кадом як сомона матлаби ғайриахлоқӣ ва мухолифи қонунгузории кишвар нашр шудааст, метавонад, онро масдуд кунад. Вале дар умум ин ҳама зери назорати хадамот аст».

Аммо, ба гуфтаи хонум Ибодова, дар таҷрибаи Тоҷикистон чуни ҳолат то ҳол дида нашудааст, ки ширкатҳои интернетрасон бидуни дастури хадамот торнамоеро барои муштариён дастнорас карда бошанд. Посухи суоле, ки пас кадоме аз инҳо ба баста шудани торнамоҳо ҷавобгаранд, барои муштариён муҳим аст, ки бояд аз кӣ ҷуброни нақзи қарордоди худро талаб кунанд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин оморро низ нашр кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз ҳар сад нафар 47 нафар аз интернет истифода мекунад. Ба сурати умум, шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон ҳоло зиёда аз 3,8 млн нафар номида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG