Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алайҳи Парвиз Мушарраф расман иттиҳом эълон мешавад


Қарор аст, ки рӯзи ҷумъа, алайҳи раисиҷумҳури пешини Покистон Парвиз Мушарраф расман иттиҳоми хиёнат ба давлат эълон шавад. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки Мушарраф ба додгоҳ меояд ё на. Қаблан сарвари пешини Покистон чанд бор бо далели вазъи бади саломатияш аз ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ сарпечӣ карда буд. Як моҳ пеш ӯ дар роҳ сӯи додгоҳ аз дарди дил шикоят кард ва ба бемористон интиқол ёфт.

Вакилони дифои Парвиз Мушарраф дархост кардаанд, ки ба шахси таҳти ҳимояташон иҷозаи табобат дар хориҷи Покистон дода шавад.

Генерал Парвиз Мушарраф дар он айбдор мешавад, ки ҳангоми бенизомиҳо дар Покистон дар моҳи ноябри соли 2007 иҷрои Қонуни асосиро муттафақиф кард ва дар сартосари кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ намуд. Бар пояи иттиҳоми дигар, ӯ дар қатли нахуствазири пешин Беназир Бҳутто даст дорад. Аммо Парвиз Мушарраф ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки онҳо ангезаи сиёсӣ доранд.
XS
SM
MD
LG