Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси Кумитаи дин раиси созмони “Адл ва инсоф”-и ҲХДТ шуд


Масъулони Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон мегӯяд, пас аз баргузории ҷаласаи солонаи созмони «Адл ва инсоф» раиси кумитаи дин Абдураҳим Холиқов аз тарафи аъзои он ҳамчун раиси ин созмон интихоб шудааст.

Тавре дафтари матуботи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи панҷшанбеи 6-уми феврал бо ширкати аъзои ҳизби халқӣ демократии Кумитаи дин ва намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷаласаи солонаи созмони «Адл ва инсоф», ки як қаноти ҳизби халқӣ демократист, баргузор карда шуд, ва Абдураҳим Холиқов масъули ин созмон интихоб гардидааст.

Дар ин ҷаласа фаъолияти яксолаи созмони “Адл ва инсоф”-и ҲХДТ баррасӣ карда шудааст. Тавре Усмон Солеҳ, раиси шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ мегӯяд, «дар созмони «Адл ва инсоф» аслан он ходимони Кумитаи дин шомил ҳастанд, ки узви Ҳизби халӣ демократии Тоҷикистон мебошанд ва ин созмон беш аз чаҳор сол аст, ки фаъолият дорад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Солеҳ дар ин ҷаласа дурнамои фаъолияти созмони «Адл ва инсоф» барои соли 2014 тарҳрезӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG