Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ имрӯз ифтитоҳ мешаванд


Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ рӯзи 7-уми феврал соати 20 -14 дақиқа ба вақти Маскав дар майдони "Фишт"-и шаҳри Сочи расман ифтитоҳ меёбанд. Майдони "Фишт" махсус барои гузаронидани чорабинии ифтитоҳ ва пӯшидашавии Бозиҳо, ҳамчунин барои супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Бозиҳои олимпӣ бунёд шудааст, ки дар он 40 000 тамошобин ҷойгир карда мешавад. Майдони «Фишт», яке аз бузургтарин қасри яхин дар қораи Аврупо дониста мешавад. Ҳайати Тоҷикистон ҳам бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва ягона иштирокчии Бозиҳо Алишер Қудратов, варзишгари тоҷик ва дигар намояндагони баландпояи ҳукумат дар шаҳри Сочи қарор доранд.
XS
SM
MD
LG