Пайвандҳои дастрасӣ

«Сувайк»-аввалин рақиби «Равшан» дар давраи гурӯҳии Ҷоми АФК


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар нахустин бозиаш дар давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 бо тими «Сувайк»-и Умон рақобат мекунад.

Тими «Сувайк», қаҳрамони секаратаи Умон, дар даври аввали плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои АФК дар майдони худ аз тими «Ал-Қудсия»-и Кувайт, финалисти Ҷоми АФК-2013, бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Ва акнун бошгоҳи «Сувайк» дар давраи гурӯҳии Ҷоми АФК-2014 бо дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, вориди рақобат мешавад.

Ин бозии гурӯҳи «А» рӯзи 25-уми феврал дар варзишгоҳи «Сиб Стэдиум»-и Масқат, ки 15 ҳазор ҷойгоҳ дорад, баргузор мешавад. Дар даври дувум «Равшан» дар майдони худ 11-уми март бо «Сафо»-и Лубнон рақобат мекунад. Бозии севуми «Равшан» низ дар хона 18-уми март бо тими «Зат Рас»-и Урдун барпо мегардад.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
25-юми феврал (сешанбе)
«Сувайк» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)


Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк» (Умон)


Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)


Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк» (Умон)


Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) - «Сувайк» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)


Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)
«Сувайк» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)

Бояд гуфт, ки “Равшан” барои дувумин бор дар Ҷоми АФК ширкат меварзад. Соли гузашта “Равшан” дар сабқати гурӯҳи “D” ҳамаи 6 бозиро бохт ва бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 2-17) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шуд. Натоиҷи бозиҳои “Равшан” бо “Ал-Рамза” (Урдун) - 0:1, 0:5, “Ал-Шорта” (Сурия) – 0:2, 1:3, “Ал-Қудсия” (Кувайт) – 0:3, 1:3. Дар ин гурӯҳ тими “Ал-Қудсия” бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта буд.
XS
SM
MD
LG