Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибтикоре, ки дарди сари Рӯҳонӣ шудааст


Барномаи ҳукумати Эрон барои имдод ба хонаводаҳои фақир бо интиқоди сиёсатмадорон рӯ ба рӯ шуд.

Гуфта мешавад, барномаи ироаи маводи озуқаи ройгон, ки қарор аст ду ҳафта идома кунад, барои раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ паёмадҳои ногувор хоҳад дошт. Эрониҳои қамбизоат шурӯъ аз рӯзи 2 феврал дар сардии тоқатфарсо ва зери бориши барф дар канори мағозаҳои давлатӣ дар манотиқи гуногуни Эрон ҷамъ омаданд. Дар сафҳо барои маводи озуқаи ройгон бар асари сардӣ се нафар ба ҳалокат расиданд. Ба думболи ин мухолифини ҳукумат гуфтанд, ки соатҳо дар интизори навбати худ мондани шаҳрвандони фақир обрӯи Эронро дар чашми хориҷиён мерезонад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе, 6 феврал, ба телевизиони давлатӣ гуфт, аз он ки мардум барои дарёфти ғизои ройгон ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд, мутаассиф аст. Бар пояи барномаи ҳукуматӣ, хонаводаҳое, ки даромади моҳонаашон камтар аз 170 доллар аст, ҳаққи дарёфти “сабади маводи озуқа”-ро доранд. “Сабади маводи озуқа” аз биринҷ, мурғ, панир, тухм ва равғани растанӣ иборат аст.

Бештари эрониҳо – ҳам сиёсатмадорон ва ҳам шаҳрвандони оддӣ аз ибтикори ҳукумат истиқбол карданд. Аммо ҳамзамон сару садо ва шикоятҳо аз сифати маводи ғизо, роҳҳои таъмини мардум бо он ва таҳияи рӯйхати ниёзмандон баланд шуданд. Қосим Ҷаъфарӣ, узви Маҷлис аз нерӯҳои муҳофизакор, дар
Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ
иҷлосияи парлумон гуфт, “сафҳои тулонӣ муҷиби мазҳакаи душманон шудааст ва бояд тадбирҳои ҷиддитаре андешида шавад”.

Ниҳодҳои давлатие, ки ба тақсими кӯмакҳо бо маводи озуқа машғуланд, аз сиёсатмадорон хостанд то дар интиқоди ибтикори ҳукумат шитоб накунанд.

Кобинаи вазирони Ҳасани Рӯҳонӣ, ки моҳи августи соли гузашта ба фаъолият оғоз кард, аз ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод таваррум ва сатҳи болои бекориро “мерос” гирифт. Бар пояи омори расмӣ, сатҳи таваррум дар Эрон ҳудуди 40 дар сад ва сатҳи бекорӣ тақрибан 12 дар сад аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ талош дорад, ки ваъдаҳои пеш аз интихоботии худ оид ба беҳсозии рӯзгори мардум, таъсиси ҷойҳои нави кор ва лағви таҳримҳои байнулмилалиро иҷро кунад. Ӯ мехоҳад, ки тавассути гузашт ба кишварҳои ғарбӣ дар робита ба барномаи ҳастии Эрон ба коҳиши таҳримҳо ва боз шудани ҳисобҳои аз сӯи ИМА мунҷамидгашта муваффақ шавад. Баъд аз созиши моҳи ноябр дар музокироти Женева ҳосилшуда, раисиҷумҳур изҳор намуд, ки мардуми Эрон меваи ин созишро ба зудӣ хоҳанд чашид. Аммо мухолифини созиш Рӯҳониро дар гузашти аз ҳад беш айбдор мекунанд.

Жола Вафо, хабарнигори эронӣ, ки масоили иқтисодиро пайгирӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Фардо ҳадс зад, ки тақсими озуқаи ройгон шояд яг гоми тарғиботӣ ва талоши боло бурдани обрӯи ҳукумат дар чашми шаҳрвандон буд.
Ба гуфтаи ӯ, "дар кишвари дорои захираҳои бузурги нафту газ миллионҳо нафар ба маводи озуқаи ройгон ниёз доранд ва ин баёнгари сиёсати нодурусти давлат аст”. Хабаргузории Форс бо нашри акси сафҳои тулонии мардуми ниёзманд ба маводи озуқа навиштааст, “Мо ҳама гадо шудаем ва барои озуқаи ройгон дари ҳукуматро мекӯбем”.

Масъулини барномаи таъмини мардуми фақир бо озуқаи ройгон мегӯянд, ки агар тайи ду ҳафта тақрибан 15 миллион нафар эрониҳои ниёзманд ба дарёфти эҳтои ҳукумат муваффақ нашаванд, барнома тамдид карда хоҳад шуд. Ҳасани Рӯҳонӣ ваъда додааст, ки кӯмаки навбатӣ ба мардуми камбизоат дар арафаи Наврӯз ироа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG