Пайвандҳои дастрасӣ

“Эшон”-у “мавлави”-ҳои тақаллубӣ хиёбонҳои Тоҷикистонро пур кардаанд?

Абдувалӣ Шарифов, таърихшинос ва мудири Осорхонаи миллии Тоҷикистон, кашфи чанд шаҷараи мустанад дар кишварро бозёфти нодир мехонад. Ӯ мегӯяд, бори аввал чаҳор сол пеш Нақшбанд, як омӯзгори кӯҳансол аз ноҳияи Ҳамадонӣ, шаҷараномаи авлоди худро барои таҳқиқ пешниҳод кард. Шаҷаранома мӯҳрҳои зиёд дошт ва шахсони маъруфи ҳар давру замон онро тасдиқ карда буданд. Ба гуфтаи Абдувалӣ Шарифов, ин санад аз авлодони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будани хонаводаро тайид мекард.

Мусоҳиби мо меафзояд, аммо дар шаҷара ному насаби падари Нақшбанд дигар буд ва баъдан бузургсолони минтақа ба таври хаттӣ тайид карданд, ки сайидзода солҳои аввали ҳукумати шӯравӣ ба хотири аз марг наҷот додани пайвандону хешу табор номашро иваз карда будааст.

ШАҶАРАНОМАИ ШОҲИ ХОМӮШ ДАР КӮЛОБ АСТ?

Муаррихи тоҷик, ки аз ҷумла, осори хаттии бостониро пажуҳиш мекунад, мегӯяд, замони шӯравӣ даҳҳо ҳазор шаҷараномаҳо ба боди фано рафтанд – соҳибонашон, авлодони Паёмбари ислом Муҳаммад саллалоҳи алайҳи ва олиҳи вассалам, солҳои “террори сурх” ба хотири ҳамчун “мулло” ба Сибир бадарға нашудан шаҷараҳои худро нобуд кардаанд. Вале садҳо нафар бо вуҷуди таҳдиди марг тавонистаанд, ки ин аснодро ҳифз кунанд. Абдувалӣ Шарифов мегӯяд, як сокини ноҳияи Ваҳдат низ шаҷараи худро ба ӯ нишон додааст, ки аз авлоди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буданашро собит мекунад. Нусхаи шаҷараи як сокини ноҳияи Турсунзода бошад ба хатти сирилик бозгардон ва чун китоби алоҳида нашр шудааст. Ба гуфтаи муаррихи тоҷик, санади нодири дигар дар Сайидаҳмади Қаландар

Сайидаҳмади Қаландар

дасти як сокини шаҳри Кӯлоб аст, ки бо тахаллуси “Лутфи Хомӯш” шеър эҷод мекунад. “Ин шаҷараи Шоҳи Хомӯш аст, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба мақсади зиёрати мақбараи ӯ, ки аз пайвандонаш маҳсуб мешавад, ба Хатлон омада буд. Дар он шаҷара номи пайвандони Шоҳи Хомӯш ҳам зикр шуда буд”, мегӯяд Абдувалӣ Шарифов. Мақбараи Шоҳи Хомӯш дар деҳаи Лангари ноҳияи Мӯъминобод ҷойгир аст.

Аммо мусоҳиби мо шаҷараҳоеро ҳам дидааст, ки дар ному насабҳо иштибоҳ доранд ё мӯҳрашон қобили эътимод нест. Дар Тоҷикистон хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки худро сайидзода меноманд ва то ҳол ба фарзандашон бо изофаи вожаи “Сайид” ном мегузоранд, аммо далеле барои собит кардани асолати худ надоранд.

Абдувалӣ Шарифов бо таассуф мегӯяд, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз ягон ниҳод ба пажуҳиши мавзӯи шаҷараҳо ё ва таҳқиқи асл ё тақаллубӣ будани онҳо машғул нест. Аммо, бигирем, дар Эрон марказҳои илмии шаҷарашиносӣ таъсис шудаанд ва ҳар касе, ки даъвои сайидзодагӣ дорад, шаҷараи худро дар ихтиёри мутахассисони ин марказҳо мегузорад. Кормандони марказҳои илмӣ баъди таҳқиқ дар бораи то куҷо асл будани шаҷара санад медиҳанд.

“ҲАЗРАТ”, “МАВЛАВӢ”... ИСТЕҲЗО Ё ЭҲТИРОМ?

“Ҳазрати эшон”, “Ҳазрати домулло”, “Бобои домулло”, “Ҳазрати мавлавӣ”, “Бобои махдум”.... Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, донишманди илми фиқҳ бар он аст, ки ин ибораҳои сари забони мардум нишонаи иззату эҳтиром ба авлоди Паёмбар ва донишмандони илми фиқҳанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки замони шӯравӣ вожаҳои “эшон”, “ҳазрат””хоҷа”, “тӯра” “мавлавӣ”, “домулло”, “шайх”, “мулло”-ро баъзан ба хотири истеҳзо низ истифода мекарданд. Аз нигоҳи пажуҳишгарони масоили мазҳабӣ, бисёриҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон то ҳол намедонанд, ки сайидзодаҳо киҳоянд, оё хоҷаҳову тӯраҳо ҳам сайидзодаанд, фарқ байни мавлавӣ, домулло ва мулло чист?

Сайидаҳмади Қаландар, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, дар кишварҳои мусалмонӣ табақабандии ҷомеъа қарнҳо боз боқӣ мондааст. Дар ин мамолик ҷомеъа ба ҳукамо, уламо (олимон), урафо (орифон), махдумҳо ё хидматгузорон ва содот табақабандӣ шудааст. Дар поёни ин табақабандӣ тулабо (толибон) ҷойгир шудаанд. Ба табақаи аз ҳама воло аз қадим шоҳону вазирҳо ва афроди мансабдор шомил буданд, ба табақаи дуввум – афроде, ки бо илму ба мардум додани илму дониш сарукор доштанд ва табақаи саввум мансуби орифон буд – мансуби афроди парҳезгоре аз уламо ва дигар табақаҳо, ки баъди тай кардани марҳалаҳое аз маърифат ба тариқат, шариат, ҳақиқат, ваҳдат, шуҳуд, ваҳдати вуҷуд, ҳулул ва фанофилоҳ ба ин мақом мерасиданд.

Мусоҳиби мо меафзояд, дар ҷомеъаи мусалмонӣ содот ё сайидзодаҳо низ мақоми воло доранд, зеро онҳо боқимонда аз хонаводаи Паёмбар Муҳаммад (с) мебошанд ва дар кишварҳои гуногун бо номҳои “ашроф”, “шариф”, “сайид”, “хоҷа”, “тӯра” зикр карда мешаванд. Ҳамаи онҳое, ки аз хонаводаҳои Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн, фарзандони Ҳазрати Алӣ ва духтари Паёмбар Фотима ба дунё омадаанд, сайидзода ном гирифтанд. Онҳо шаҷараи мустанад ё шаҷаранома доранд, ки он аз сӯи ҳар ҳукумату ҳар низом, ба хотири омехта нашудани онҳо бо дигар табақаҳо, мӯҳргузорӣ мешавад.

Сайидзодаҳоро ба хотири эҳтироми зиёд “эшон”, яъне, “он кас” ҳам ном мебаранд. Аммо Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода вожаи “эшон”-ро бо вожаи “шон”, яъне, мартаба пайванд медиҳад. Ӯ як рӯбоии Мирзо Абдулқодири Бедилро намуна меоварад, ки гуфтааст: “Мақсад аз иштиҳодам шон нест, Шавқи тарафи камол ё нуқсон нест, Дар пасту баланди шеърам эрод магир, Охир, сухани Шофеъиву Нӯъмон нест”. Донишманди тоҷик меафзояд, Бедил бо истифодаи калимаи “шон” гуфтанист, ки ҳадаф аз эҷоди шеър мартабаҷӯӣ нест

“ХОҶАҲО”-ВУ “ТӮРАҲО” ОЁ САЙИДЗОДААНД?

Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, бештари сайидзодаҳои мамолики форсзабон аз хонаводаи Бибӣ Зайнаб, набераи Ҳазрати Алӣ ва духтари Имом Ҳусайн мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, аз хонаводаҳои Ҳасан ва Ҳусейн, ду фарзанди Ҳазрати Алӣ, дар Осиёи Марказӣ, қисмати шимолии Эрон, Чин, Ҳинд, Покистон ва Афғонистон, мавзеъҳои мусалмоннишини шимоли Қафқоз, Тотористону Бошқирдистон сайидзодаҳои зиёд боқӣ мондаанд.

Сайидзодаҳо аз қарни 8 ба ин сӯ вориди Осиёи Марказӣ шудаанд ва онҳо асосан аз ду хонаводаанд – аз хонаводаи Махдуми Аъзам ва аз хонаводаву табори Мир Сайид Алии Ҳамадонй ва чун ба шаҷараашон назар афканем, мебинем, ки аз хонаводаи Бибӣ Зайнабанд. Як шаҷараи дигари мӯътабар на фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар ҷануби Эрон, Афғонистон ва Чин – Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб

сайидзодаҳои табори Имом Раббониянд. Имом Раббонӣ аз хонаводаи Бибӣ Мутаҳҳара, духтари Имом Ҳасан ва Абдулло ибни Умар, писари халифаи дуввум Ҳазрати Умари ибни Хаттоб мебошад. Аз издивоҷи онҳо Сайид Носир ба дунё омад ва насли минбаъдаи Имом Раббонӣ маҳз аз ӯ сарчашма мегирад. Маъруфтарин афроди ин шаҷара – Имом Раббонӣ ва Сайид Аҳмад Форуқи Сарҳиндӣ будаанд. Зимнан, нахустин раисиҷумҳури Афғонистон Сибқатуллоҳ Муҷаддадӣ ҳам аз ин қавм аст. Сайидзодаҳои ин хонавода ҳоло дар атрофи Тошканд, дар водии Фарғона ва ҷануби Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Муҳаққиқон мегӯянд, ҳамаи онҳое, ки мансубияташон ба ин се хонавода – Махдуми Аъзам, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Имом Раббонӣ дар шаҷараи мустанад тайид шудааст, сайидзодаҳои асиланд. Вале агар дар хонаводае “хатти иршод” боқӣ монда бошад, пас ӯ аз авлодест, ки ба сайидзодаҳо хидмат мекарданд. Нафаре аз аҳли илм ё аҳли тасаввуф, ки дар хидмати содот буданд, барои даъват кардани мардум ба роҳи Ҳақ ва парҳезгорӣ ба минтақае фиристода мешуданд ва ба ӯ дар даст “хатти иршод” доштанд. Аммо онҳо на сайидзода, балки фақат Махдум буданд.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, мегӯяд, ки то имрӯз дар бисёр кишварҳои исломӣ ходимони масҷиду мадрасаҳоро “махдум” ном мебаранд. Аммо сиёсатмадорони мамолики исломӣ ҳам аз махдум ё ходим будан ифтихор доранд, аз ҷумла, шоҳи Арабистони саудӣ дар китобҳои ба кишварҳои гуногун эҳто кардааш худро “ходимун ҳарамайни шарифайн” муррифӣ мекунад.

Зимнан, дар забони мардуми Тоҷикистон солҳо боз вожаи “Махдум” ба "Махсум" табдил шудааст, ки решааш на “хидмат” балки “хасм” ё “хусумат” аст.

Абдувалӣ Шарифов мегӯяд, ки хоҷаҳову тураҳо низ аз афроди бонуфузи замони худ маҳсуб мешуданд ва низ мутаалиқ ба хонаводаи содотанд. Тӯраҳо бештар дар Хуҷанду Тошканд ва камтар дар Самарқанд ба сар мебаранд. Хоҷаҳо, ки бар пояи маъхазҳо, авлодони яке аз халифаҳои рошидин – Ҳазрати Абубакри Сиддиқанд, низ бештар муқими шимоли Тоҷикистонанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, замони шӯравӣ дар бораи хоҷаҳову тӯраҳо, аз ҷумла, хоҷаҳои Ҷӯйборӣ, аз сӯи донишмандони русу тоҷик таҳқиқот анҷом дода шудааст.

“МАВЛАВӢ” АЗ ТОЛУҚОН?

Агар “эшон”, “сайидзода” далолат ба мансубият ба хонаводаи Паёмбари Ислом кунанд, “мавлавӣ”, “домулло”, “мулло” – ҳам вожаҳои эҳтиромӣ ва ҳам унвонҳои уламои исломӣ маҳсуб мешаванд. Сайидаҳмади Қаландар мегӯяд, исмҳои “мавлавӣ” ва “домулло” омили ҷуғрофӣ доранд – донишмандони Осиёи Марказӣ, қисмати ҷанубии Эрон, Балх, Қундуз, Бадахшон, ки аз барномаи таълимии динии Бухоро бархурдор мешуданд, “хатти иблоғ” ва унвони “домулло”-ро мегирифтанд. Вале онҳоеро , ки таълими диниро дар ҳавзаи Ҳинд андӯхтаанд, “мавлавӣ” ном мебурданд.

Сайидаҳмади Қаландар меафзояд, ки мадориси ҳавзаҳои Бухоро ва Ҳинд аз рӯи сохтор ва барномаҳои таълимӣ аз ҳам тафовут доштанд. Дар ҳавзаҳои Ҳинд толибилмон улуми дунявӣ ва муҳити зист ҳамро меомӯхтанд, яъне, мавлавиҳо ба ҷуз дониши динӣ, аз илмҳои дигар ҳам бархурдор буданд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои 50-уми қарни гузашта, замони нармиши сиёсати Хрушёв, ки маорифи исломӣ ҳам эҳё гардид, дар қаламрави Тоҷикистон ду мактаби динӣ ба вуҷуд омад, яке мактаби Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ ва дигарӣ – мактаби Домулло Қозӣ Абдурашид. Домулло Қозӣ Абдурашид таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро буд ва мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ дар мадрасаҳои Кашмир сабақ омӯхта буд.

Аммо, аз нигоҳи Саийдаҳмади Қаландар, ҳоло дар Тоҷикистон мавлавиҳои зиёди тақаллубӣ пайдо шудаанд. Ӯ мегӯяд, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Муҳаммад Амин Мудаққиқ

Муҳаммад Амин Мудаққиқ

Тоҷикистон афроди зиёде, аз ҷумла, рӯҳониён ба шимоли Афғонистон ҳиҷрат карданд ва баъди бозгашт “дониши кофӣ доранд ё надоранд, парҳезгор ҳастанд ё нестанд, ҳама аркон ва аҳкомро ба ҷо меоваранд ё на, худро мавлавӣ мехонанд”. Мусоҳиби мо меафзояд, “агар аз миёнаҳои солҳои 50-ум то солҳои 90-ум мо ҳамагӣ як мавлавӣ доштем, имрӯз тамоми хиёбонҳои мо аз мавлавиҳо пур шудаанд”.

Муҳаммад Амин Мудаққиқ, пажуҳишгари афғон, мегӯяд, ки дар Афғонистон мавлавиву домуллоҳо зиёданд ва аммо онҳо акнун на аз рӯи маҳали таҳсила, балки аз рӯи дониши андӯхтаашон ба ин мартабаҳои мазҳабӣ сазовор мешаванд. Ӯ меафзояд, “дар илми динӣ ба сурати суннатӣ дар ҳар ришта китобҳои махсус вуҷуд доранд. Толибилм бояд аввал фиқҳро хонад, баъд дар паҳлуи фиқҳ бояд ҳадису тафсирро комилан омӯзад, ба думболи ин усули фиқҳро мехонад, то бидонад, ки аз фиқҳ чӣ гуна истифода мешавад. Сипас навбати сарфу навҳ мерасад. Вақте толиб ин ҳама китобҳоро пурра аз худ кард, дастори фазилат ё мавлавӣ ба сараш баста мешавад”.

Зимнан, дар мазҳаби суннӣ ниҳоди вижае нест, ки ба донишмандон унвонҳои ифтихорӣ ё унвонҳои илмии динӣ диҳад - унвони илмӣ ба сатҳи таҳсил дар мадраса марбут аст.

Дар мазҳаби шиа унвонҳои волои динӣ – ҳуҷҷатулислом, оятуллоҳ ва марҷа-ат-тақлиданд. Оятуллоҳ, ки дар мақом аз ҳуҷҷат-ул-ислом каме болотар аст, намояндаи Имом Маҳдӣ ва нойиби ӯ то бозгашташ маҳсуб мешавад ва бояд аз сифатҳои воло ва нуфузи зиёд бархурдор бошад. Ӯ ҳамчун муҷтаҳид ҳаққи тасмимгирии мустақилона (иҷтиҳод) дар бахши фиқҳ бар пояи мактаби мазҳаби Ҷаъфариро дорад. Марҷа-ат-тақлид (шахсе, ки бояд аз ӯ тақлид ё пайравӣ кард) ҳам аз унвонҳои волои раҳбарони мазҳаби шиа аст. Дастуру амрҳои Марҷа-ат-тақлид, ки донишманди аслӣ дар илми фиқҳ маҳсуб мешавад ва ҳаққи иҷтиҳод дорад, бояд аз сӯи ҷомеъаи шиа бечунучаро иҷро шаванд. Дар Ҷумҳури исломии Эрон ин унвон дар Қонуни асосӣ сабт шудааст. Бештари оятуллоҳҳо, аз ҷумла, оятулло Рӯҳуллоҳ Ҳумайнӣ, унвони марҷа-ат-тақлидро доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG