Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳлиддин Турдиев – сармураббии «Далерон-Ӯротеппа»


Аҳлиддин Турдиев, собиқ ҳимоятгари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан таъин шуд.

Дастаи «Далерон-Ӯротеппа» соли гузашта дар мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон ҷойи севумро соҳиб шуда буд. Баъди он ки Саройкамар»-и Панҷ (ғолиби мусобиқаи лигаи аввал -2013) ва «Эсхата»-и Хуҷанд (ҷоизадори дувуми ин мусобиқа) аз ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими имсола даст кашиданд, ба ҷойи онҳо «Далерон-Ӯротеппа» иштироки худро дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии кишвар, ки 5-уми апрел шурӯъ мешавад, тасдиқ кард.

«Далерон-Ӯротеппа» ин ҳафта ба марҳалаи омодагӣ ба мавсими нави футбол шурӯъ намуд. Футболбозони Истаравшан дар Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон», ки 7-уми феврал дар Қайроққум оғоз меёбад, ширкат варзида, бо дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат, инчунин, тимҳои Қазоқистон - «Жетису» (Талдиқӯрғон), «Оқтеппа» (Оқтеппа) ва «Қизилҷар» (Петропавловск) рақобат мекунанд.

Аҳлиддин Турдиев дар дастаҳои «Шодмон» (Ҳисор), «Ситора» (Душанбе), «Варзоб» (Душанбе), «Шахтёр» (Солигорск), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Хима» (Душанбе) бозӣ кардааст. Вай чандин бор ба унвони қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон мушарраф шудааст. Ӯ соли 2005 дар ҳайати «Регар-ТадАЗ» ғолиби Ҷоми раиси АФК гардидааст.

Аҳлиддин Турдиев, инчунин, дар ҳайати бошгоҳи «Шахтёр»-и Солигорск бо медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Беларус мукофотонида шуда, дар Ҷоми УЕФА бозӣ кардааст. Вай дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон аз соли 1997 то 2004 беш аз 20 бозӣ анҷом додааст.

Аҳлиддин Турдиев ба ҳайси сармураббӣ дар бошгоҳи «Энергетик»-и Душанбе кор кардааст. Солҳои ахир ӯ дар Академияи футболи «Истиқлол» ба ҳайси мураббӣ фаъолият дошт. Моҳи декабри соли гузашта Турдиев соҳиби муҷаввизи дараҷаи «А»-и Конфедератсияи футболи Осиё гардидааст.
XS
SM
MD
LG