Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи филмҳои Берлинале оғоз шуд


Germany - Poster Film Festival Berlinale (photo: Berlinale)
Germany - Poster Film Festival Berlinale (photo: Berlinale)
Дар Берлини Олмон 64-ӯмин ҷашнвораи филмҳои Аврупо бо номи Берлинале оғоз шуд. Соли ҷорӣ ин нахустин ҷашнвораи муҳими филмҳои Аврупо мебошад. Ин ҷаншвора 11 рӯз давом мекунад ва дар ин муддат 400 филм ба намоиш хоҳад даромад. Нахустин филме, ки дар маросими гушоиши ҷашнвора шоми рӯзи панҷшанбе ба намоиш гузошта мешавад, "The Grand Budapest Hotel” ё “Меҳмонсарои муҷаллали Будапешт” ном дорад, ки когардони он Вес Андерсони амрикоӣ мебошад.

Дар ин ҷашнвора ҳамчунин филмҳои коргардонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қавқоз ба намоиш медраояд. Филми Саодат Исмоилова-коргардони Узбакистон бо номи “Чилла”, ду филми коргардонҳои гурҷӣ Леван Когуашвилӣ ва Тинатин Каҷришвилӣ, як филми Жанна Исобоева-коргардони қазоқ бо номи “Наҷима”, як филми Ризо Дормишиён-коргардони эронӣ бо номи “Ман гунаҳгор нестам” дар ин ҷашнвора ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG