Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасе барои куштори муҳоҷири корӣ боздошт шуд


Дар шаҳраки Наро-Фомински вилояти Маскав як наврас барои даст доштан дар куштори як муҳоҷири кории Узбакистон боздошт шуд. Муҳоҷири 18 солаи Узбакистон 20 январ аз зарби корд ҷон дод. Олга Врадий-сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ин навраси Русия яке аз чаҳор нафар ҷавонони рус аст, ки дар куштор даст дорад.

Дар ҳамин ҳол, бозрасони Русия мегӯянд, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ду мард, ки яке аз онҳо ҳанӯз ба сини 18 солагӣ нарасидааст, барои куштори муҳоҷири 51 солаи Узбакистон боздошт шудаанд. Ин куштор 4 ноябр дар рӯзи Ваҳдати мардумии Русия сурат гирифта буд. Дар робита бо ин куштор ҳамчунин 5 навраси дигар боздошт шудаанд.

Дар шаҳрҳои мухталифи Русия ҳамла ва куштори муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ зуд-зуд мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG