Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктория Нуланд аз Киев боздид мекунад


Виктория Нуланд
Виктория Нуланд
Виктория Нуланд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Киев-пойтахти Украина боздид мекунад. Ин боздид дар ҳоле сурат мегирад, ки Вашингтон аз эътирозгарони ҷонибдори демократия дар Украина ҳимоят кард ва гуфт, ки дар бораи имкони кӯмакҳои молӣ ба Украина бо Иттиҳодияи Аврупо музокира хоҳад кард.

Рӯзи чаҳоршанбе Кохи Кремли Маскав ҳушдор дод, ки дар ихтиёри Украина гузоштани 15 миллиард доллар қарз ба иҷрои ваъдаҳое иртибот дорад, ки пештар Виктор Янукович-раиси ҷумҳур ба Маскав дода буд. Ин қарзро Русия ба Киев замоне ваъда кард, ки Янукович аз ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид.

Аз сӯи дигар, эътирозҳо дар назди бинои порламон дар Киев идома дорад ва эътирозгарон тақозо мекунанд, ки дар Қонуни Асосии Украина тағирот ворид шавад.
XS
SM
MD
LG