Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се блогнавис дар Қазоқистон боздошт шуданд


Дмитрий Шёлоков аз рост севвум
Дмитрий Шёлоков аз рост севвум
Дар Қазоқистон се нафар блогнависони мустақил барои майдаавбошӣ шоми рӯзи чаҳоршанбе 10 рӯзӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Ринат Кибраев, Нуралӣ Айтеленов ва Дмитрий Шёлоков рӯзи чаҳоршанбе ба мулоқоти Аҳметжан Эсимов-шаҳрдори Амаато ва блогнависони интихобшуда роҳ дода нашуданд.

Пулис гуфт, ки номи ин се нафар дар феҳристи блогнависони даъватӣ набудааст. Ба онҳо ҳамчунин иҷоза надодаанд дар тарабхонае, ки он ҷо Эсимов мулоқот ороста буд, филмбародорӣ кунанд.

Баъд аз он блогнависони мустақил шиорҳои худро боло карданд, ки навишта шуда буд: ”Эсимов, берун биё” ва “Эсимов танҳо бо блогнависони лагандбардор мулоқот мекунад”. Пулис ин се нафар блогнависро дар ҳамон ҷо боздошт кард.
Мадӣ Бекмагамбет-хабарнигори бахши қазоқии радиои Озодӣ, ки ин саҳнаҳоро ба навор мебардошт, низ боздошт шуд, вале баъдтар вайро раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG