Пайвандҳои дастрасӣ

11 сол истисмор шудани як нобино дар Душанбе


Як сокини шаҳри Душанбе аз нобиноии як нафар истифода намуда, тайи 11 сол ӯро ба гадоӣ дар кӯчаҳои шаҳр маҷбур намуда, пул ба даст меорад.

Дафтари матуботи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал иттилоъ дод, ки кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Қурбонгул Шарифова, сокини кӯчаи Глинкаи пойтахтро боздошт карданд, ки Мирзомурод Гулов, нобинои гурӯҳи 1-ро ба хонааш ҳамчун иҷоранишин роҳ дода, аз соли 2002 ба ин тараф ӯро ба гадоӣ дар кӯчаҳои пойтахт маҷбур кардааст.

Қурбонгул Шарифова шиноснома ва дафтарчаи нафақахӯрии Мирзомурод Гуловро ба зурӣ аз дасташ гирифта, ӯро ҳар рӯз дар маконҳои серодами шаҳр ба талбандагӣ машғул медорад. Ба ҳисоби мақомот, дар ин муддат ин зан аз ҳисоби гадоии ин нобино ҷамъан 163 ҳазор сомониро иҷборан аз ӯ гирифта ва ваъда додааст, ки барояш хонаи истиқоматӣ мехарад, аммо пулҳоро барои зиндагии худаш сарф кардааст.

Кормандони умумри дохила нобино Мирзомурод Гуловро аз дасти ин зан раҳо карда, ба беморхона барои табобат овардаанд ва алайҳи Қурбонгул Шарифова бо иттиҳоми истимори инсон парванда боз кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG