Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Рамазон Раҳимов бо Саидмаҳмуди Садрӣ


Ояндаи наздик Тоҷикистон ва Эрон созишномаи ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва мубориза ӣбо ҷиноётро имзо хоҳанд кард. Ин матлаби рӯзи 5 феврал дар мулоқоти Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Саидмаҳмуди Садрӣ, сарпарасти сафорати Эрон дар Тоҷикистон баён гардид.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар ин дидор, масоили ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи мубориза бо тероризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ баррасӣ шуд. Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, ҷонибҳо дар мавриди омода кардани кадрҳо, табодули таҷриба ва иттилоот изҳори назар намуданд.

Дар ин росто, таъкид гардид, ки созишномаи ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи таъмини амният ва мбориза алайҳи ҷиноёт дар ҳоли таҳия шудан аст ва имзои ин санад ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Равобити Тоҷикистон ва Эрон аз соли 1991 оғоз шуда, Эрон яке аз кишварҳои аслии сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG