Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи СММ калисои католикро танқид кард


Созмони Милали Муттаҳид, калисои католикро башиддат интиқод кард, ки ба роҳибонаш иҷоза додааст, даҳҳо ҳазор кӯдакон дар саросари ҷаҳонро таҷовузи ҷинсӣ кунанд. Кумитаи ҳуқуқи кудак дар Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе бо нашри гузорише дар ин замина аз Ватикан хост, ҳамаи роҳибонеро ба азияту озори ҷинсии кӯдакон муттаҳам мешаванд, аз калисон ронда ва ба мақомоти интизомӣ бисупорад. Дар ин гузориш ҳамчунин аз Ватикан католик хоста шудааст, ҳамаи иттилооти мавҷуд дар бораи роҳибони бачабоз ва ё роҳибоне, ки ин ҷиноятҳоро пинҳон доштаанд, ифшо кунад. Созмони Милал гуфтааст, аз он нигарон бисёр нигарон аст, Ватикан барои расидагӣ ба қазияи азияту озори ҷинсии кӯдакон ва ё муҳофизати онҳо тадобири лозимро наандешидааст. Кумитаи Созмони Милал ҳамчунин аз Ватикан хостааст, қурбониёни азияту озори ҷинсӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқро дар таҳқиқи қазияҳои бачабозии роҳибон шомил кунад.
XS
SM
MD
LG