Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи таҳқиқи марги ҳунарпешаи амрикоӣ


Бино ба гузоришҳо, маъмурони пулиси шаҳри Ню Йорки Амрико дар идомаи таҳқиқи марги Филип Сеймур Ҳоффман, ҳунарпешаи маъруф чаҳор нафарро дастгир кардаанд. Сабаби марги Филип Ҳоффманро масрафи беш аз ҳадди ҳероин гуфтаанд, ҳарчанд натиҷаҳои ташхиси маргаш нашр нашудааст. Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” аз қавли мақомоти интизомӣ навиштааст, ки се марду як занро шоми сешанбе дар маҳаллаи Манҳеттен дастгир карда ва аз дасти онҳо 350 бастаи хурди ҳероин гирифтаанд. Ҷасади Филип Ҳоффмани 46-сола, ки ҷоизаи Оскарро низ ба даст овардааст, рӯзи якшанбе дар хонааш бо чанд бастаи ҳероин пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG