Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдоди Ироқ 16 нафарро куштанд


Бар асари силсилаи бомбгузориҳо дар наздикии Минтақаи Сабзи Бағдод дар рӯзи чаҳоршанбе 16 нафар кушта ва бештар аз 30 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар Минтақаи Сабзи Бағдод, ки сахт муҳофизат мешавад, қароргоҳи нахуствазири Ироқ ва чанд сафорати хориҷӣ воқеъ шудаанд. Яке аз мошинҳои бомбгузоришуда дар назди вазорати умури хориҷӣ таркидааст. Мошини бомбгузоришудаи дигарро як маргталаб ба ресторане равона ва сипас мунфаҷир кардааст. Касе масъулияти ин бомбгузориҳоро бар дӯш нагирифтааст. Як рӯз пештар аз ин ҳамлаҳо, ба Минтақаи Сабзи Бағдод ду мушак андохтанд ва ҳоло нигарониҳо аз он боло гирифтааст, ки мумкин аст, ҳукумати Ироқ амният дар маҳаллҳои стратегиро таъмин карда натавонад.
XS
SM
MD
LG