Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси номзадҳои интихоботии Афғонистон поён ёфт


Номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон дар нахустин баҳси телевизионӣ ширкат карданд. Абдулло Абдулло, Ашраф Ғанӣ, Залмай Расул, Қаюм Карзай ва Раҳим Вардак аз ҷумла дар бораи музокирот бо Толибон ва паймони амниятӣ бо Амрико баҳс доштанд. Ин баҳс аз тариқи шабакаи мустақили Тулӯ, яке аз телевизионҳои маъруфи Афғонистон нашр шуд. Корзори интихоботии раёсати ҷумҳурӣ расман рӯзи якшанбе шурӯъ шуд. Барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳури Афғонистон 11 номзад рақобат доранд, вале ҳоло пешсафи ин корзор мушаххас нашудааст. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ки баъди суқути Толибон дар соли 2001 ба қудрат расид, баъд аз ду даври ҳукумат дигар ҳаққи ширкат дар интихоботро надорад.
XS
SM
MD
LG