Пайвандҳои дастрасӣ

Басташавии марз дар шимоли кишвар боиси кам ворид шудани маҳсулот шудааст


 Неъматулло Таваров.

Неъматулло Таваров.

Мақомоти гумруки вилояти Суғд мегӯянд, ки баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ аз ҷониби Қирғизистон ба воридоту содироти мол миёни ин кишварҳо ва гардиши транзитии нақлиёт латма ворид кардааст. Неъматулло Таваров, сардори раёсати гумрук дар вилояти Суғд рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, дар моҳи аввали соли равон дар муқоиса ба моҳи декабри соли гузаштаи 2013 аз гузаргоҳи гумрукии “Гулистон” дар ноҳияи Исфара аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 27 миллион доллар кам молу коло ворид шудааст. Бо роҳи транзитии Бодканд тоҷирони тоҷик аз Чин молу коло меоранд ва бархе мегӯянд, ки баъд аз баста шудани сарҳади Қирғизистон аз нимаи моҳи гузашта ба ин су наметавонанд аз Бишкек мол оранд.

Мақомоти қирғиз аз зарарҳои молие, ки ин кишвар аз бастани сарҳадаш ба сӯи Тоҷикистон бардоштааст, хомӯш аст. Аммо ба гуфтаи бархе сокинони Бодканд, сокинони ин вилояти ҷанубии Қирғизистон маводи аслии ғизоӣ ва заруриёту асбоби рӯзгорро умдатан аз бозорҳои Суғд ворид мекарданд ва ҳоло бастагии роҳ боиси баланд рафтани нархи ин навъ маҳсулот дар Бодканд шудааст. Бинобар хабарҳои расида, сокинони наздимарзӣ аз бастагии роҳ ва мушкилоти зиёди ба сарашон омада шиква мекунанд.

Вилоятит Суғд то поёни соли гузаштаи соли 2013 аз вилояти Бодканди Қирғизистон бо роҳҳои расмиву ба таври қочоқ зиёд маводи сӯхти нисбатан арзон ворид мекард.
Аммо ба гуфтаи мақомоти гумруки Суғд, даст ёфтани Тоҷикистон низ дар баробари Қирғизистон ба воридоти маводи сӯхт аз Русия бе пардохти боҷи гумрукӣ ин инёзро дигар аз байн бурдааст.

“Дар моҳи январ 939 қатора ба вилояти Суғд бо маҳсулоти нафтӣ ворид гашт. Дар аввали моҳи январ танҳо аз ду мавриди бо роҳи қочоқ дар нақлиёти бензинкашон ба Тоҷикистон ворид кардани бензин аз Бодканд ошкор карда шуд ва ин баёнгари он ки дар ҳоли ҳозир қочоқи вориди маводи сӯхти қочоқӣ аз Бодканд то ҳадди ақал коҳиш ёфтааст.”, гуфт шуд дар нишасти хабарӣ.
XS
SM
MD
LG