Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Охири моҳи гузашта баъди онки Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон баъзе аксҳояшро дар Фейсбук гузошт, як корбаре зери ин аксҳо навишт, ки агар як-ду китоби хотира дар бораи зиндагиву сафару таассуроташ бинависад, аҷиб хоҳанд буд.

Дар воқеъ барои ҷомеаи Тоҷикистон бисёр ҷолиб аст, ки бидонад, чӣ гуна Ҳамроҳхон Зарифӣ, бо Сергей Лавров, бо ҳамтои руси худ дар бораи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон баҳсу ҷадал мекард. Ё масалан ҷолиб хоҳад буд, агар Шералӣ Хайруллоев, вазири собиқи дифоъ бинависад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар қабл аз барканор карданаш ба ӯ чӣ гуфт ва вазири собиқадор чӣ ҷавоб дод. Шояд замоне бирасаду ду соҳибмақоми собиқ мӯҳтавои чунин гуфтугӯҳоро дар китоби хотираашон нашр кунанд. Коре ки то кунун бисёре аз сиёсатмадорони баландпояи Тоҷикистон аз анҷом додани он парҳез кардаанд. Дар кишварҳои ғарбӣ маҳз аз китоби хотираҳост, ки мардуму ҷомеа аз “бозиҳои дохили дарбор” ва нақши фарди мушаххасе дар қабули қарорҳои сарнавиштсоз барои ватани худ огаҳ мешаванд.

Давлат Усмон

Давлат Усмон

Аз ҳисоби ин китобҳои хотира муаллифони он ҳам миллионҳо доллар ба даст меоранд, ки як омили ҳавасмандӣ ва роиҷ будани хотиранависӣ дар миёни мансабдорони собиқи Ғарб аст. Дар Тоҷикистон ҳеҷ яке аз сиёсатмадор ва ё адиби маъруф ҳам аз ҳисоби китоб миллион доллар ба даст намеорад, чун китобхонӣ дар байни мардум расм нашудааст ва бетафовутии аён нисбат ба сиёсат вуҷуд дорад. Аз ин рӯ ба гуфтаи Давлат Усмон, вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон, баъзе аз онҳое, ки аз мақом мераванд, ҳарчанд гапи зиёд барои гуфтан доранд, аммо бо умеди бозгашт, он ҳамаро дар дил нигаҳ медоранд:
“Дар шароити феълии Тоҷикистон будан дар мансаб хеле ҳам ба сатҳи зиндагии таъсир ва робитаи хеле зич дорад. Чунки як кишваре, ки дар он мансаб аз фаъолиятҳои дигар болотар меистад барои беҳбудии зиндагӣ, баъзеҳо шояд бо умеди бозгашт, баъзе аз чизҳоро намегӯянду хотира наменависанд.”

Вале агар бениёз бошанду доир ба иттифоқоти долонҳои ҳукумат, масалан вуҷуди ришвахорӣ, ки зиёд дар бораи он гуфта мешавад, китобе бинависанд, аввал ин ки дар дохили Тоҷикистон чоп намешавад ва дуввум муаллифи “намакношиносу носипоси” китоб ба зиндон меравад ва ин хотирот зиндагии хонаводаву фарзандонашро талх хоҳад кард. Бешак Бобоҷон Бобохонов, додситони собиқи кулли Тоҷикистон дарди дил бисёр дорад, ки ба ҷомеа бигӯяд, ё ҳадди аққал ҷузъиёту омилҳои худкушии Муҳаммадназар Солиев, вазири собиқи умури дохилиро ифшо кунад, вале агар ин хотироташро бинависад, мумкин аст, ӯро бо гуноҳи “ишфои асрори давлатӣ” ба назди писараш фиристанд, ки чанд сол боз дар зиндон аст. Ду вазири собиқи ҳукумат, ки Радиои Озодӣ бо онҳо дар тамос шуд, гуфтанд, ки нияти навиштани хотироти худро надоранд.

Дар воқеъ навиштани хотира аз замонҳои пурталотуми кишвар, бахусус ҷанги шаҳрвандӣ дар миёни сиёсатмадорони собиқи кишвар як замон ривоҷ гирифт. “Қурбонии Дузахма”, “Фарёди Солҳо” аз Бӯрӣ Каримов, “Субҳи Ситоракуш” аз Аслиддин Соҳибназаров, муовини собиқи вазири кишоварзӣ, “Табаддулоти Давлатӣ” аз Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи порлумони Тоҷикистон, “Соли Набиев” аз Иброҳим Усмонов, мушовири собиқи раиси ҷумҳур, чанде аз ин китобҳои хотира аст. Аммо чаро ҳоло вазирону раҳбарони баландпояи собиқи дигар “қалам ба даст” намегиранду, наменависанд.

Талбак Назаров, вазири собиқи умури хориҷӣ, ки 12 сол дар ин мақом кор кардааст, дар яке аз мусоҳибаҳои “нодираш” дар соли 2009 гуфта буд, ки мумкин аст баъд аз 10 сол хотираҳояшро дар бораи он солҳои пурталотум менависад, чун агар ҳоло нависад, беғаразона нахоҳад буд. Талбак Назаров дар он мусоҳиба гуфта буд, ки аз кор хаста шуда ва худаш аз раиси ҷумҳур хоста буд, ки ӯро аз кор озод кунад.

Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов, муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон дар охири солҳои 80-ум, ки китоби хотироти зиёде аз он солҳои пурталотум навиштааст, мегӯяд, агар сиёсатмадорони собиқ хотира бинависанд, маҷбуранд дурӯғ нависанд, зеро кори шоистаи аҳсане дар ҳаққи мардум накардаанд: “Дурӯғ менависанд, чизҳои содалавҳона менависанд. Дар ҳолате, ки худашон аз сари вазифа дур мераванд, нисбати якдигарашон, нисбати ҳукумат ягон чизи баде менависанд, вале дар замоне, ки мо мегӯем, истиқлол дорему озод ҳастем, кишварамонро обод кунем, ҳама хокпошӣ мекунем ва дурӯғ мегуем.”

Бӯрӣ Каримов, ҳокимони собиқи солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, ба мисли Изатулло Ҳаёев, раиси собиқи девони вазирон, Қаҳҳор Маҳкамов, раиси ҷумҳури собиқро мисол овард, ки аҳёнан дида мешаванд ва китобе нашр накардаанд. Яҳё Азимов, нахуствазири собиқи Тоҷикистон ҳам аз онҳоест, ки “машғули кори худ аст”. Ба андешаи Иброҳим Усмонов, профессор ва мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, шароит имкон намедиҳад, ки мақомоти баландпояи собиқ, хотираҳои худро барои ҷомеа бинависанд:

“Онҳое, ки ҳунари нависандагӣ доранд, зиёдтар менависанд, чунки онҳо эҳтиёҷ ба ҳамкорӣ бо дигарон надоранд, вале онҳое, ки эҳтиёҷ доранд, фурсат меҷӯянд. Ман гумон мекунам, ки масалан душвории вазъияти оилавӣ, бемории ҳамсари марҳумашон ба Қаҳҳор Маҳкамов имкон надод, ки ин чизро дар вақташ нависанд ва мумкин мақсади навиштан доранд.”

Рамзия Мирзобекова, рӯзноманигори тоҷик.

Рамзия Мирзобекова, рӯзноманигори тоҷик.

Аммо хабарнигорони тоҷик, ки дар пайдо кардану сӯҳбат бо вазирону кабирони собиқи Тоҷикистон, “асояшон сузан ва кафшашон ғалбер мешавад”, мегӯянд, бисёре аз мақомоти баландпояи собиқ дастоварди муҳиме ва ё чизе барои нишон додану гуфтан ва ё собит кардани дурустии тасмиму амалкардҳояшон надоранд, ки рӯи коғаз биёранд. Ва агар биёранд ҳам, шояд кам касе ба онҳо бовар кунад. Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи “Азия Плюс”:
“Дар хотирот бояд чизеро бинависанд, ки дар воқеъ буд, чун китоби хотирот воқеиятҳоро тасвир мекунанд. Вале ман шак дорам, ки онҳо дар китоби хотироти худ воқеиятро нависанд. Аммо агар дар хотира чизи набударо бинависанд, пас китобашон на хотира, балки як афсона хоҳад буд.”

Ба гуфтаи Рамзия Мирзобекова, ҷолиб аст агар як мансабдори собиқи тоҷик тасвир кунад, ки бо назардошти чӣ ӯро ба мақомаш таъйин карданд ва ё чӣ гуна то ин мақом расид. Аммо дар умум навиштани хотирот дар кишварҳое роиҷ мешавад, ки дигарандешӣ ва озодии сухан дар он вуҷуд дорад ва сиёсатмадоронаш чӣ аз дохили як гурӯҳи сиёсӣ ва ё гурӯҳи муқобил бо вуҷуди ихтилофоти назар ба андешаҳои якдигар эҳтиром мегузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG